Чорабинии сатҳи баланд дар доираи Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ
Санаи 13 ноябри соли ҷорӣ дар доираи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озорбойҷон дар мавзуи “Маблағгузорӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.
Ёддовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҷараён гирифта истодааст.
Дар чорабинии мазкур Президенти Хазинаи Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (IFAD) ҷаноби Алваро Ларио, Президенти Бонки Осиёгии Рушд ҷаноби Масатсугу Асакава, Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ҷаноби Рафаэл Мариано Гросси ва мушовири калони Фонди Иқлими Сабз (GCF) оид ба маблағгузорӣ ҷаноби Хенри Гонзалез иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур аз муаррифии Нақшаи маблағгузории иқлимӣ барои Тоҷикистон; муайян намудани самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва шарикони рушд барои амалӣ намудани Нақшаи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон; баррасии роҳҳои инноватсионии истифодаи маблағгузории иқлимӣ ва дастрасӣ ба онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ оид ба масъалаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт иборат буд.
Дар чорабинӣ, инчунин намояндагони созмонҳои дигари молиявии байналхалқӣ низ иштирок ва баромад намуданд.
Раиси Кумита дар суханронии худ ҷиҳати мусоидат ба шарикони рушд, аз ҷумла ба Хазинаи Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Иқлими Сабз, Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ, (МАГАТЭ) изҳори сипос намуда, барои амалӣ намудани Нақшаи татбиқи саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва ҳадафҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо даъват ба амал овард.
Айни замон чорабиниҳои нақшавӣ дар доираи Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ дар Ҷумҳурии Озорбойҷон бомаром идома доранд.