Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтинаи Кумита
11 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт, ки дар он як қатор масъалаҳои ҷойдоштаи соҳавӣ мариди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла ҳисоботи таҳлилии муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Қосимова Гулбаҳор оид ба фаъолияти мақомоти назоратии ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ шунида шуд.
Дар робита ба ин, сардорони ҳар як раёсати назоратӣ ва марказу муассисаҳои Кумита оид ба самти фаъолияташон ҳисобот доданд.
Бо назардошти шунидани ҳисоботҳо ва баррсаии масъалаҳо аз ҷониби муовини раиси Кумита ба ҳар як масъулони соҳавӣ ҷиҳати камбудиҳои фаъолияташон дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар охир бо инобати баррасии масъалаҳо, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.