Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 6
    14 ноябри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Ҷамъомади идонаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон               


                                              


    14 ноябри соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идонаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Ҷамъомади идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси Кумитаи мазкур Раҳмонзода Лоиқ оғоз бахшида, дар назди ҳозирин матни табрикоти раиси Кумитаро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Дар рафти суханронӣ дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳти кӯшишу талошҳои шабонарӯзӣ ва ҳидоятҳои фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯйдодҳои таърихӣ дар  давлатсозии тозабунёди тоҷикон, бартарафсозии оҷилии мушкилотҳо, моҳияти тақдирсоз будани Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифтанд.

    Сипас, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинов Ҳомидхон дар мавзуи “Рӯзи Президент-ҷашни умумимиллӣ” ва сарходими илмӣ-иҷрокунандаи вазифаи профессори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи мазкур Мавлонназаров Салмон дар мавзуи “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳи тоҷикон” ба таври муфассал ва пурмуҳтаво, бо истифода аз рӯнамоҳо баромад намуданд.

    Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар як миллат таърих гувоҳ аст, шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш гирифта, кишвар ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд.

    Дастоварди пурарзиш дар даврони истиқлолияти кишвар, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешакку шубҳа расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа, ки ояндаи дурухшони наслҳои баъдӣ аз он вобастааст, мебошад, ки он бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои муаззами миллат пайвасти ногусастанӣ дорад.

    Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин марҳилаи таърихӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода намуд.

    Пешвои миллат дар баланд бардоштани  обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, иштироки мустақими кишвари тозаистиқлол дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми назаррас доранд.

    Суханрониҳои баромадкунандагон барои огоҳии амиқтари ҷавонон  аз рӯйдодҳои начандон дури таърих, ки онҳо шоҳиди бевоситаи он нестанд ва  дар кишвари орому осоишта саодатмандона умр ба сар мебаранд, ҳаматарафа мусоидат менамояд.

    466733746_886010396978633_6961782519594059921_n.jpg IMG_7429.jpg IMG_7451.jpg IMG_7444.jpg