Иштироки ҳайати Кумита дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар доираи ҷаласаи пленарии Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ
30 октябри соли равон дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия ҷаласаи пленарии Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (COP 16) баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок ва дар мавзуи «Тадбирҳои таъхирнопазир оид ба татбиқи чаҳорчӯбаи гуногунии биологии Кунмин Монреал» суханронӣ намуд.
Раиси Кумита зимни суханронии худ қайд намуд, ки Тоҷикистон бо эътирофи афзалияти баланди ҳифзи гуногунии биологии миллӣ дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда ба Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар соли 1997 ҳамроҳ шуд. Иродаи сиёсии кишвар, ки дар паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён ёфтаанд, тасдиқи садоқатмандии миллӣ дар ҳифзи сарватҳои табиӣ, хамчун сарвати асосии тараққиёти минбаъдаи устувор мебошад.
Дар робита ба гуфтаҳои болозикр қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба самти рушди устувор собитқадамона иқдом намуда, саъй дорад, ки афзалиятҳои миллиро бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор мутобиқ созад. Дар ин замина иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он яке аз тадбирҳои аввалиндараҷаест барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои моддии ҳифзи системаҳои пурарзиш, ҷузъҳои биологии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Бо дастгирии институтҳои байналмилалӣ ва шарикони рушди агентиҳои СММ ҳуҷҷатҳои бунёдии танзими амалҳо оид ба гуногунии биологӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Стратегияи Миллӣ ва нақшаи амал оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ҳуҷҷати асосиест, ки арзёбии ҳолати кунунии гуногунии биологӣ, таҳдидҳо, омилҳои таъсиррасонӣ ва самтҳои асосии стратегиро дар соҳаи ҳифз ва истифодаи устувор, дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ (ирсӣ) ва тақсими одилонаи фоидаҳо ба вуҷуд меорад.
Тоҷикистон бо таъкид бар ӯҳдадориҳои худ ба иқдомоти ҷаҳонӣ дар заминаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни табиат ва одамон ва саъй кардани саҳм дар татбиқи чаҳорчӯби ҷаҳонии гуногунии биологӣ, Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалро оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ, бо назардошти ҳадафҳои миллӣ, таҷдид мекунад. Кор оид ба таҷдиди стратегия бо назардошти принсипҳои зикршудаи ҷалби шохаҳои ҳукумат ва тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Ҳуҷҷати калидии миллӣ, ки ҳамчун дастури сиёсӣ барои татбиқи амалҳо дар соҳаи гуногунии биологӣ хизмат мекунад, ба қабул ва баррасии ҳуқуқҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор асос ёфта, ба эҷоди механизмҳои устувор ва созандаи ҳифзи сарватҳои биологӣ ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ мусоидат мекунад.