Пешкаши дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гуногунии биологӣ дар маросими кушодашавии иҷлосияи пленарии 16-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ
29 октябри соли ҷорӣ маросими кушодашавии иҷлосияи пленарии 16-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (СОР16) дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия бо иштирок ва суханронии Президенти Колумбия Густаво Франсиско Петро Уррего, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антониу Гутерриш ва сарони кишварҳои гуногун баргузор гардид.
Дар қисми дуюми маросим раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ аз ҷониби раиси Кумита таваҷҷуҳ ҳозирин ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсияҳои СММ вобаста ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо биёбоншавӣ ҷалб карда шуд. Инчунин, масъалаи амалӣ гардонидани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани 24-уми май – «Рӯзи байналмилалии Морхӯр» ва қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷаласаи 16-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ чорабинии байналмилалии сатҳи баланд мебошад, ки дар он намояндагони ҳукуматҳо, мақомотҳои давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист, олимон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ даъват карда шудаанд.
Ҳадаф аз баргузории Конфронси мазкур баррасии масъалаҳо оид ба ҳалли мушкилиҳои экологӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ ва пешбурди ҳадафҳои ҷаҳонии гуногунии биологӣ дар чаҳорчӯбаи гуногунии биологии Кунмин-Монреал дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Қобили қайд аст, ки дар доираи чорабинии мазкур муколамаҳои сатҳи баланд, як қатор вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳо ва мулоқотҳо бо намояндагони созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста баррасии ҳамкориҳои соҳавии минбаъда сурат гирифтанд.