Иштироки раиси Кумита дар панели мубоҳисавии чорабинии сатҳи баланд оид ба “Рӯзи ҷангал ва об” дар ҳошияи 16-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ
28 октябри соли 2024 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба “Рӯзи ҷангал ва об” дар ҳошияи 16-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (СОР16) дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ аз ҷониби Котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, дар павилиони “Барномаи глобалии қолабии Кунмин-Монреал вобаста ба гуногунии биологӣ” ташкил ва баргузор гардид.
Раиси Кумита дар суханронии хеш аз муҳимияти Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 қабул гардид - соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, қайд намуд. Қобили зикр аст, ки пиряхҳо дар нигоҳдории экосистемаҳои марбут ба об нақши калидӣ доранд ва аз байн рафтани онҳо метавонад барои гуногунии биологӣ ва устувории экосистема оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Оби пиряхҳо манбаи оби тоза буда, ба дарёҳо, кулҳо ва ботлоқзорҳо ғизо медиҳад, ки ин дар навбати худ олами наботот ва ҳайвоноти гуногунро эмин нигоҳ медорад.
Инчунин, раиси Кумита тавҷҷӯҳи ҳозиринро ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии пиряхҳо мегардад ва ба экосистемаҳои поёноб низ таъсири манфӣ мерасонад, ҷалб намуданд. Оби пирях одатан ҳарорати паст дошта, барои ҳаёти микроорганизмҳо ва дигар организмҳои зинда шароити беназир фароҳам меоварад.
Ҳамчунон, дар баробари кам шудани қабати ях, шароит тағйир ёфта, он метавонад ба нобудшавии намудҳои махсусе, ки дар дарёҳои пиряхҳо зиндагӣ мекунанд, оварда расонад. Ин дар навбати худ на танҳо ба гуногунии биологӣ, балки ба хидматрасонии экосистемаи онҳо, аз қабили тозакунии об ва нигоҳ доштани суботи экосистема таҳдид мекунад.
Дар хотимаи сухан қайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд робитаи зич миёни гуногунии биологӣ ва захираҳои об, аз ҷумла, пиряхҳо таъкид гардида, масъалаҳои мазкурро ба барномаҳои гуногунии биологӣ ва тағйирёбии иқлим пайваст менамоянд.