Мулоқоти раиси Кумита бо Котиби иҷроияи Котиботи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ
28 октябри соли 2024 дар ҳошияи Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (COP16), ки дар шаҳри Калии Ҷумҳурии Колумбия баргузор мегардад, мулоқоти раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Котиби иҷроияи Котиботи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ хонум Астрид Шомакер баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он дар Тоҷикистон, инчунин як қатор иқдомҳои марбутаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи глобалии «Дастгирии амалҳои пешакӣ оид ба Чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ», ки ба арзёбии стратегияҳои қаблии гуногунии биологӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва аҳдофи нав мутобиқи «Чорчӯбаи глобалии гуногунии биологии Кунминг- Монреал барои давраи то соли 2030» нигаронида шудааст, мариди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои лоиҳаи таҷдиди стратегияи миллӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба гуногунии биологӣ ва омодасозии коммуникатсияи 7-уми миллӣ, ки оғози татбиқи он то соли 2025 пешбинӣ шудааст, низ баррасӣ карда шуд.
Аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б.А. ҳамчунин масъалаҳои татбиқи ташаббусҳо дар соҳаи ҳифз ва истифодаи устувори захираҳои ирсӣ ва таъмини амнияти биологӣ дар доираи протоколҳои Конвенсияи мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, протоколи болозикрро ба тасвиб расонда, оид ба таҳкими сиёсат ва зарфияти институтсионалии идораҳои дахлдор як қатор ташаббусҳоро амалӣ намуд.
Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ба мувофиқа расиданд.