Сафари гурӯҳи эковолонтёрон ва ассотсиатсияи блогерони тоҷик ба мамнуъгоҳи табиии давлатии "Бешаи палангон"
Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025" 19 октябри соли 2024 сафари гурӯҳи беш аз 50 нафараи эковолонтёрон ва ассотсиатсияи блогерони тоҷик ба мамнуъгоҳи табиии давлатии "Бешаи палангон" дар мавзеи ноҳияи Дустии вилояти Хатлон сурат гирифт.
Мақсад аз ташкили чунин экотурҳо омӯзиш ва шиносонидани намояндагони ассотсиатсияи блогерони тоҷик ва волонтёрон ба ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда, мамнуъгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои дорои аҳамияти экологидошта, аз наздик дидани олами набототу ҳайвоноти нодир ва пешниҳоди маълумоти саҳҳеу муътамад ба аҳолӣ мебошад.
Сафар ба аъзои клуб имконият даст дод, ки мавзеи мазкурро аз наздик бубинанд, ба мутахассисони соҳавӣ дар иртибот бошанд ва таассуроти худро дар бораи сафарашон тариқи аудиторияи худ ба аҳолӣ расонанд. Аз тарафи дигар аъзоёни маҳфили экологӣ, аз фаъолияти кормандони мамнуъгоҳи мазкур, ҷойҳои гаштугузори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла гавазни бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), ҷейран (Ғизол), сагобӣ, тазаври тоҷикӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар оғози семинар роҳбарият ва дигар кормандони масъули мамнуъгоҳи мазкур дар бораи ташкилшавӣ, масоҳат, олами набототу ҳайвоноти нодири мамнуъгоҳ ба таври муфассал маълумот доданд. Ҳамзамон, кормандони самти марбута аз дастгоҳи марказӣ ва мутахассис аз МД "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"-и Кумита иштирок ва бо аъзои маҳфил дар робита ба мавзуъ маълумотҳои муътамад ва мушаххас пешниҳод намуданд.
Қисми дигари семинари омӯзишӣ иборат аз саволу ҷавобҳо буд, ки аз ҷониби масъулони соҳавӣ ба саволҳои сершумори аъзоёни маҳфил ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи огоҳонии хабарнигорон, ки тариқи воситаҳои садою симо, матбуот ва шабакаҳои интернетӣ мавод оид ба самтҳои ҳифзи муҳити зистро нашр менамоянд, мусоидат менамояд.