Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ
Ҳамасола рӯзи 16 октябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ таҷлил мегардад. Имсол рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ таҳти унвони “Ҳуқуқ ба ғизо”: “Ҳеҷ кас набояд дар канор монад” муайян шудааст.
Санаи 19 октябри 2024 аз тарафи Созмони Озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ дар боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе таҷлил гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор ва меҳмонон аз корпусҳои дипломатии шаҳри Душанбе, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намудан.
Дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳи дастовардҳо дар самти дастрасӣ ба озуқаворӣ ва ғизои солим ва конкурсу викторинаҳо барои наврасон доир карда шуд.
Дар доираи лоиҳаи ФАО-ГФЭ “Ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои амнияти озуқаворӣ ва ғизо”, ки аз тарафи Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад намоишгоҳи мусаввараҳо, маводҳои иттилотӣ ва намунаҳои тухмиҳо растаниҳои кишоварзӣ ва авлодони ёбоии онҳо маърази тамошои иштирокдорон гардонида шуд.
Намояндагони сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ, Федератсияи Русия, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои хориҷӣ, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи Марказ дидан карда қайд намуданд, ки захираҳои генетикии маҳаллӣ барои амнияти озуқаворӣ ва ғизо хеле муҳиманд.