Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни “Меҳргон” дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе
20 октябри соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди “Меҳргон” баргузор гардид, ки дар он Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари ташкилоту муассисаҳои дахлдор бо дастовардҳои соҳавӣ ва пешниҳоди навъи таомҳои миллӣ фаъолона иштирок намуд.
Меҳргон яке аз 4-уми ҷашнҳои қадимтарини тоҷикон буда, дар қатори Наврӯз, Тиргон ва Сада аз таърих бо расму русуми ба худ хос вобаста ба фаслҳои сол таҷлил карда мешуд ва мардумон аз онҳо бо хушнудию омодагиҳо истиқбол мекарданд.
Ин ҷашнҳои қадимӣ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав зинда гардида, дар сатҳи миллӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса бо арҷгузорӣ аз гузаштаи пурифтихори худ ҷашн гирифта мешавад, ки дар он таваҷҷуҳи мардуми дохилу хориҷи кишвар зиёд аст.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз дастовардҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуда, ба ташкилкунандагон баҳои баланд доданд.