Иштирок дар Рӯзи байналмилалии ғизо ва парандаҳо дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе
19 октябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии ғизо ва парандаҳо дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ ва чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои тобеи он дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии экологии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С., инчунин намояндаи Ассотсиатсияи тиҷоратии хурди миёна, намояндагон аз ташкилоти ЮНИСЕФ, «Шабакаи ҷавонон оид ба амали иқлим» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи парандагон ва ғамхорӣ нисбати онҳо ба миқдори муайян лонаҳо барои сукунати парандагон харидорӣ ва ба боғҳои шаҳри Душанбе тақдим намуд. Хурдсолони иштирокдор аз манзараи гузоштани лонаҳо дар дарахтон хушҳолӣ намуда, ин амали ғамхоронаро ба хубӣ истиқбол намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки таҷлили санаҳои экологӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷавонону наврасон ва ҷанбаҳои табиатдӯстии онҳо мусоидат менамояд.