Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 337
    Дар доираи конфронси 9-уми байналмилалӣ оид ба ҳайвоноти кӯҳӣ сафари як гурӯҳ...

    Сафари гурӯҳи меҳмонон ба мавзеи зебоманзари Дашти Ҷум             


                                              

    PHOTO-2024-10-17-10-32-01 (8).jpg

    Дар доираи конфронси 9-уми байналмилалӣ оид ба ҳайвоноти кӯҳӣ сафари як гурӯҳ меҳмонон ба мавзеи зебоманзари мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташкил карда шуд. Сафари мазкур на танҳо шавқовар, балки маърифатӣ низ буд. Мақсад аз сафар ба ин мавзеи табиӣ мушоҳидаи ҳайвони нодири Морхур буд, ки дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

    Барои меҳмонон як хатсайри муфассал пешниҳод карда шуд, ки на танҳо мушоҳидаи Морхур, балки шиносоӣ бо фарҳанги минтақа, анъанаҳои сокинони маҳаллӣ ва манзараҳои зебои табииро дар бар мегирифт.

    Дар марҳилаи муайяни сафар меҳмонон дар майдони махсуси тамошо қарор гирифта, бо ёрии дурбинҳо, қубурҳои назоратӣ ва таҳти роҳбарии кормандони ботаҷрибаи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” тавонистанд морхурҳоро дар муҳити табиии худ дар байни доманакӯҳҳои сангбор ва чарогоҳҳои сабз бубинанд.

    Аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи мамнуъгоҳи мазкур ба меҳмонон оид ба барномаи ҳифзи Морхур ва инчунин аҳамияти ҳифзи муҳити табиии ҳайвонот маълумот пешниҳод гардид.

    Пас аз мушоҳидаи Морхур, барнома бо шиносоӣ аз анъанаҳои маҳаллӣ идома ёфт. Меҳмонон ба бинои маъмурии мамнуъгоҳи “Дашти Ҷум” ташриф оварда, аз хӯрокҳои миллӣ баҳравар шуда, дар барномаи таълимии фарҳангӣ иштирок намуда ва ҳикояҳои ҷолиби фарҳангии минтақа шинос шуданд.

    Мақсади сафар ба ноҳияи мазкур шиносоии меҳмонон бо фазои Тоҷикистони баландкӯҳ, бо фарҳангу расму оини аҳолии минтақа буд. Меҳмонон бо таассуроти дурахшон ва донишҳои нав, ки аз зебогии табиат ва сарвати фарҳанги минтақа илҳом гирифтанд, ба сӯи Душанбе баргаштанд. Сафари мазкур далели он шуд, ки чунин ташаббусҳо барои ҳифзи табиат ва ҷалби таваҷҷӯҳ ба ҳифзи намудҳои нодир муҳиманд.

    PHOTO-2024-10-17-10-32-01 (7).jpg PHOTO-2024-10-17-10-32-01 (3).jpg PHOTO-2024-10-17-10-32-01 (4).jpg PHOTO-2024-10-17-10-32-01.jpg