Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 325
    Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти...

    Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар арафаи таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор иншооти ҷашнӣ ба истифода супорида шуд               


                                              


    Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷиҳати таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар нимаи якуми моҳи октябр ба вуқуъ пайваст, аз ҷумла ба ду қисми ҳарбии қушунҳои сарҳадии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб дастархони идона густурда шуд.

    Ёдовар мешавем, ки намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи дурдасти Мурғоби ВМКБ, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба души Кумитаи ҳифзи муҳити зист вогузор гардидааст. Бинобар ин, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашнвораи мазкур аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо сохторҳои мақомоти ноҳияи Мурғоб дар ноҳияи мазкур тибқи нақшаи тасдиқгардида корҳои муайян амалӣ гардида истодаанд.

    Аз ҷумла, зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳияи Мурғоб бинои Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, бинои маҳаллии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ифтитоҳ гардида, ҳамзамон, ду чоҳи амудӣ, дар масоҳати 4 км чароғонкунии маркази ноҳия ва гармхона бо усули замонавӣ, ки тибқи нақша омода гардида буданд, дар арафаи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

    Бо мақсади дастгирии соҳаи иҷтимоӣ, ҳифзи набототу растании терескен ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ба миқдори 25 тонна ва ба шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи мазкур 25 тонна ангиштсанг барои мавсими тирамоҳу зимистон дастрас карда шуд. Оид ба идоракунии ҳифзи муҳити зист ва партовҳо Кумита барои кашонидан ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист 2 адад нақлиёти хурди барқӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб тақдим намуд.

    Ноҳияи Мурғоб яке аз ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаи “Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, барои парвариши қутос ва чорвои хурд шароити хуб дорад. Бинобар ин, барои беҳтар гардонии чарогоҳҳо дар масоҳати 24 гектар 24 бастаи симтуру поя харидорӣ ва ба ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо дастрас ва корҳои васлкунӣ дар заминҳои чарогоҳ пурра ба анҷом расонида шуд.

    Инчунин, аз ҷониби Кумита барои дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намудани аҳолии ноҳия бо сабзавотҳои тару тоза ва ҷалби занони маҳал, гармхонаи замонавӣ бо масоҳати 40 метр дарозӣ ва 20 метр паҳноӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

    PHOTO-2024-10-18-08-46-40.jpg PHOTO-2024-10-18-08-46-38.jpg PHOTO-2024-10-18-08-36-23.jpg PHOTO-2024-10-18-08-35-28.jpg