Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон
Тибқи нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳатӣ ҳаст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид.
Дар рафти баргузории аксия кормандону донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили баҳрро аз партовҳо тозаву озода карданд.