Баррасии масъалаҳо дар вохӯрии раиси Кумита вобаста ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ
23 сентябри соли 2024 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода Аҳмадҷон бо сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинол ва сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гашт.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ СОР 16 ва оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ СОР 16, ки якумин аз 21 октябр то 1 ноябри соли 2024 дар шаҳри калии Колумбия ва дуюмин аз 2 то 13 декабри соли 2024 дар шаҳри Эр-Рияди Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, оид ба даври ниҳоии музокирот оид ба Паймони ҷаҳонии пластикӣ аз ҷониби тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вохӯрии мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманд ба мувофиқа расиданд.