Корҳои ободонию созандагӣ доир ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ванҷ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур корҳои ободонию созандагиро гузаронида, аз ҷумла кӯчаю хиёбонҳо, гирду атрофи идораю муассисаҳоро тозаю озода намуда, насби шиору овезаҳо ва Парчами давлатиро ороиши идона доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар як ҳафта 2 маротиба ҳашарҳои умуминоҳиявӣ, аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” бо ҷалби васеи аҳолӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳаҳо баргузор мегардад.
Рафти корҳои ба анҷомрасида дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи интернетӣ пахш мегардад.