Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 574
    Дар доираи баргузории Эко-ниммарафони кӯҳӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Баргузории аксияи экологии “Тозагии соҳил” дар мавзеи “Ҳафткӯл”-и шаҳри Панҷакент дар дорираи ЭКО-ниммарафони кӯҳӣ              


                                              



    606bf161-da32-42ee-aff1-391c60daaec2.jpg

    Дар доираи баргузории Эко-ниммарафони кӯҳӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар мавзеи Ҳафткӯлии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аксияи экологии “Тозагии соҳил” ва ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

    Дар доираи чорабинии мазкур соҳили “Ҳафткӯл” аз партовҳо ва ифлосиҳо тоза гардид, дар ҳамоиш  беш аз 350 нафар  варзишгарон ва кормандони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд.

    Ин тадбир, ҳамзамон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили “Ҳафткӯл” амалӣ гардид.

    b207cb17-4995-4553-bc08-9efff8fb2bac.jpg beba5a99-008d-4b20-9bbd-61cfca02f7fc.jpg f5e615a7-029e-4c26-8afd-1389fea37f79.jpg