Баррасии масоили обу иқлим аз ҷониби вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода санаи 28 август дар Конфронси вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё оид ба масъалаҳои экологӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.
Зимни суханронии худ раиси Кумита таъкид намуд, ки конфронси мавриди назар оид ба муттаҳидсозӣ вобаста ба талошҳо дар мубориза бо чолишҳои экологӣ мусоидат менамояд, зеро мушкилоти экологии сайёра табиати фаромарзӣ дошта, ҳалли онҳо ҳамкории муштараки давлатҳоро тақозо менамояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон соли сеюм аст, ки павилиони миллии худро дар Конфронси тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29), ки имсол дар Озарбойҷон баргузор мегардад, муаррифӣ мекунад. Дар конфронсҳои қаблии тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буданд, Тоҷикистон пешрафтҳоро дар самти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла талошҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия намоиш дода буд.
Дар ҳамоиши маҷозии мазкур қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудани 21 март қабул шуда, «Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шудааст. Тоҷикистон саҳми аввалини молиявии худро ба ин фонди эътимодбахш гузошт ва умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба ин фонд саҳм мегузоранд.
Дар конфронс вазирони ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Бангладеш, Камбоҷа, Чин, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Муғулистон, Фаластин, Қатар, Корея, Русия, Шри-ланка, Таиланд, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ветнам иштирок намуда, оид ба масъалаҳои ифлосшавии ҳаво, тағйирёбии иқлим, устувории иқтисодиёти “сабз”, гуногунии биологӣ ва оби тоза сухан намуданд. Дар анҷоми конфронс изҳороти муштарак қабул гардид.