Мактаби экологии тобистона ба охир расид ва фарогирандагони он соҳиби сертификат шуданд
Аз 23 то 26 августи соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар истироҳатгоҳи “Ёс”-и Ромити шаҳри Ваҳдат дар доираи ташкили мактаби экологии тобистона семинарҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо иқдоми Кумитаи ҳифзи мҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯи даст гирифта шуд.
Дар расми кушодашавии чорабинии мазкур, ки санаи 23 августи соли ҷорӣ дар мавзеи мазкур сурат гирифт, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва муовини Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи омӯзишҳои тобистонаи мактаби экологӣ перомуни мавзуъҳои самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, аз ҷумла проблемаҳои партовҳо, ҳавои атмосфера, набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, муомилот бо партовҳо, ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда ва дигар проблемаҳои рӯзмараи ҷаҳонии вобаста ба экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби тренерон ва мутахассисони варзидаи соҳавӣ машғулиятҳои шавқовар гузаронида шуд.
Аз ҷумла, вобаста ба асосҳои экология ва муҳофизати табиат дар Тоҷикистон, омилҳо ва пайомадҳои вобаста тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, дигар иқдомҳои ҷаҳонӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва экология, ба иштирокдорон муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, КФМУ ва муомилот бо партовҳои Кумита Неъматзода Н., намояндаи МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии “Замини хурд” дарс гузаштанд.
Дарсҳо бо истифода аз рӯйнамоҳо, ба тарзу усулҳои муосири маълумотдиҳӣ, бо истифодаи ашёҳои аёнӣ, ташкили бозиҳои шавқовар басо ҷолиб гузашт. Ҳамзамон, дар доираи ҷараёни мактаби экологӣ намоши таҷҳизоти алтернативӣ, аз ҷумла ашёи зарурии рӯзгори бо панелҳои офтобӣ қуввагиранда ба маъраз гузошта шуд.
Дар охир ба иштирокдорон сертификатҳо тақдим карда шуданд.