Сафари кории раиси Кумита, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукуматӣ Шерализода Б. А. ба ноҳияи Мурғоб
Аз 21 то 27 августи соли 2024 дар рафти сафари кории раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукуматӣ Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ сафари корӣ анҷом дода, ба иҷрои корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дахлдор оид ба объектҳои асосии ҷашнӣ шинос мешаванд.
Ҳангоми боздид аз боғи навтаъсис дар маркази ноҳияи Мурғоб Шерализода Б. А. барои корҳои нигоҳубини ниҳолҳо, деворҳои атрофи боғ ва иҷрои босифати корҳо таваҷҷуҳ намуда, масъулонро муваззаф намуданд.
Гурӯҳи кории Ҳукуматӣ бо рафти корҳои дигари сохтмонӣ, аз ҷумла бинои маъмурии Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Мурғоб ва таъмири беморхонаи Марказии ноҳия шинос шуд. Ҳамчунин, бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиа дар ноҳияи Мурғоб суҳбат гузаронида шуд.
Дар рафти сафари корӣ роҳбари гуруҳи кории Ҳукуматӣ бо масъулони дахлдор аз Агентии захираи моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб боздид намуда, дар рафти суҳбат бо масъулон маълум гардид, ки айни замон дар ноҳия ба миқдори зарурӣ маводҳои хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ захира гардидааст.
Ҳамчунин, аз Нерӯгоҳи барқи обии "Тоҷикистон" дар ноҳияи Мурғоб низ дидан карда шуд. Бояд қайд кард, ки Нерӯгоҳи барқи обии "Тоҷикистон" бо иқтидори пурра фаъолият карда, шаҳрак ва ҷамоати деҳоти шаҳри Бердибоевро бо барқ таъмин менамояд. Дар айни замон, ҷамъоварии иловагии панелҳои офтобӣ дар назди нерӯгоҳ идома дорад.
Бо мақсади татбиқи барномаву нақшаҳои созанда, васеъ намудани корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар рафти сафари корӣ раиси Кумита ба гармхонаи ноҳия, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар масоҳати 400 м2 сохта мешавад, ташриф овард.
Бояд қайд кард, ки дар ҷамоати деҳоти Аличор панелҳои офтобӣ ҷамъоварӣ гардида, то охири сол ба истифода дода мешаванд ва дар оянда сохтмони чунин манбаъҳои барқӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мурғоб ба нақша гирифта шудааст.
Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия мактаб-интернат сохта шуда истодааст, ки он дар оғози соли хониш - 1-уми сентябр ба истифода дода мешавад.
Гурӯҳи корӣ ҳамзамон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншооти ҷашнии ноҳия шинос шуд.
Дар ноҳия барои саривақт ва босифат сохтани иншооти ба нақшагирифташуда тамоми чораҳо андешида мешаванд.