Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 701
    Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии...

    Мактаби экологии тобистона ба охир расид ва фарогирандагони он соҳиби сертификат шуданд             


                                              

    IMG_3821.jpg

    Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар истироҳатии “Ёс”-и минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишии мактаби экологӣ ба кори худ оғоз кард. Чорабинии мазкур бо иқдоми Кумитаи ҳифзи мҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе рӯи даст гирифта шуд.

    Дар расми кушодашавии чорабинии мазкур санаи 23 августи соли ҷорӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Раҳмонзода Лоиқ ва роҳбарияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Татяна Туркан иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Мактаби экологӣ аз 23 то 26 августи соли 2024 баргузор гардида, дар он волонтёрон, ки ба Кумита барои ҳамкорӣ ҷалб карда шудаанд, ба омӯзишҳои экологӣ фаро гирифта, дар интиҳо ба онҳо сертификат дода мешавад.

    Дар назар дошта шудааст, ки дар доираи омӯзишҳои мактаби экологӣ перомуни мавзуъҳои “Проблемаҳои партовҳо дар Тоҷикистон” ва “Асосҳои экология ва муҳофизати табиат дар Тоҷикистон” ба иштирокдорон мутахассисони дстгоҳи марказии Кумита ва зерсохторҳои он дарс мегузаранд.