Обмонии дарахтон дар ноҳияи Ховалинг
Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ховалинг ба Маркази ахборӣ экологии Кумита хабар дод, ки баҳри пешгирӣ аз хушкшавии дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, бо ин мақсад дар бехи дарахтону навниҳолон обмонӣ ҳар сари вақт ташкил гардида, онҳо аз об шодоб гардонида мешаванд.
Ин тамоюл ба сарсабзию хуррамгардонии муҳити зист дар ҳудуди ноҳия мусоидат менамояд.
Дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ чунин тадбирҳои обмонии дарахтон дар фасли гармои тобистон бомаром идома дошта, дар он мақомоти ҳифзи муҳити зист низ саҳм гузошта истодаанд.