Вохӯрӣ бо ҳайати миссияи сатҳи баланди Бонки Осиёгии Рушд
15 августи соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳайати миссияи сатҳи баланди Бонки Осиёгии Рушд оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати хонум Шияхонг Янг – муовини директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, хонум Ясмин Сиддики –директори бахши кишоварзӣ, озуқа, захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳот, Кристофер Дикинсон – мутахассиси калон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва хонум Кэтлин Энн Кобалейс – мутахассис оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, дар вохӯрӣ барномаи нави минтақавӣ таҳти унвони “Аз пиряхҳо то ба хоҷагидорон: Баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ”, ки бо ҷалби маблағгузории Бонки Осиёгии Рушд ва Фонди иқлими сабз таҳия карда мешавад, муҳокима гардид.
Аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б. А. қайд гардид, ки дар ҳолати тасдиқ ва амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур бевосита барои амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ дар самти мутобиқгардонии соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории чорабиниҳои канории муштарак дар ҳошияи Конфронси 29 тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор мегардад, муҳокима гардид.
Дар охир ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо, хосса оид ба таҳияи бомуваффақияти лоиҳаи нави минтақавӣ дар мавзуи “Аз пиряхҳо то ба хоҷагидорон: Баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ”, ки анҷоми он то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ба мувофиқа расиданд.