Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1082
    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни расомон...

    ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН!!!             


                                              


    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни расомон ва умуман эҷодкорону ҳавасмандон бо мақсади ҳифзи муҳити зист, муаррифии гуногунии билогӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва зебоишиносии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Ҷилои табиати Тоҷикистон дар оинаи мусаввир” эълон менамояд.

    Мазмун ва ғояи асосии санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба озмун пешниҳод карда мешавад, бояд се номинатсияи зеринро дарбар гирад:

    -манзараҳои обанбор, шаршара, наҳр, дарё, пирях ва манбаъҳои дигари обӣ;

    -ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд;

    -манзараҳои дигари табиати Тоҷикистон.

    Ба озмун асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯи матоъ (хлост) ё коғаз тасвир шудаанд. Барои офаридани асар, инчунин навъҳои зерини ашё метавонанд истифода карда шаванд: чӯб, металл, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ.

    Дар пушти асар маълумоти зерин қайд карда мешавад: номинатсия, номи мавзуъ: насаб, ном, номи падар, синну соли иштирокчии озмун, номи муассиса, суроғаи ҷои истиқомат, телефон маълумоти дигари дахлдор бо тақозои зарурат.

    Асарҳое, ки дар озмун соҳиби ҷои якум, дуюм, сеюм ва ҳавасманд мегарданд, ба муаллифонашон баргардонида намешаванд.

    Озмун дар се давр :-даври якум-моҳи сентябри соли 2024 дар маркази шаҳру ноҳияҳо; даври дуюм-моҳи октябри соли 2024 дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; даври сеюм-нимаи якуми моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

    Нусхабардории асарҳои рассомони дигар аз сомонаҳои интернетӣ ба хотири роҳ надодан ба сирқат (плагиада) қатъиян манъ аст.

    Кумита асарҳои беҳтаринро аз муаллифонашон бо назардошти арзиши ҳунари офаридашуда метавонад харидорӣ намояд.

    Бо Низомномаи озмун метавонед бо воситаи зерин шинос шавед:

    Телефон барои маълумот: 235-44-30

    Тамос ба сурағаи интернетӣ (вотсап, телеграм): 777-16-22-75