Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 907
    16 июли соли 2024 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Пешсаф» бо дастгирии молиявии Пажӯҳишгоҳи...

    Аксияи «Тозакунии моддаҳои кимиёвӣ/реактивҳои кӯҳнашуда»               


                                              


    16 июли соли 2024 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Пешсаф» бо дастгирии молиявии Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ ва агрохимиявии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аксияи «Тозакунии моддаҳои кимиёвӣ/реактивҳои кӯҳнашуда» гузаронида шуд.

    Аксияи мазкур, ки бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», ки лоҳиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, инчунин бо дастгирии техникӣ ва машваратии мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии татбиқи ӯҳдадориҳои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаи доимии органикӣ» рӯи даст гирифта шуд.

    Дар доираи ин чорабинӣ анбори реагентҳои кимиёвии кӯҳнашуда тоза карда шуд, ки ҳаҷми онҳо то 2 тоннаро ташкил медиҳад. Партовҳои ҷамъоваришуда барои нигоҳдории муваққатӣ дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои минтақаи Вахш то тартиб додани тадбирҳои бартараф кардани минбаъдаи онҳо интиқол дода мешаванд.

    photo_2024-07-17_12-41-12.jpg photo_2024-07-17_12-42-00.jpg