Семинари омӯзишӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти партовҳои хатарнок
18 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти партовҳои хатарнок баргузор гардид. Семинари мазкур бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ”, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни сухани муқаддимавӣ муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” Ҷӯраев Абдусалим қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, ки ба равишҳои бисёрҷониба ва муосир дар раванди ҳалли қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист, бахусус дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ ва Конвенсияи Базел дар бораи фаромарзии гардиши партовҳои хатарнок корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Ҳуҷҷатҳои мазкур барои танзими заҳрхимикатҳо ва маводҳои химиявӣ заминаи хуб мегузорад.