Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1182
    22 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита             


                                              

    IMG_3125.jpg

    22 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумитаи мазкур баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи сипаришуда ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа, сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукурзода И. оид ба фаъолияти сохторҳо бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад намуд.

    Муовини раиси Кумита Раҳмонзода Л. оид ба масъалаҳои соҳавӣ, аз ҷумла пешбурди назорати давлатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ҳашару аксияҳо, интизоми меҳнат, назорат ва иҷроиши мактубҳои воридотӣ, ҳуҷҷатҳои дигари соҳавӣ ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба самташон аз ҳар як масъулони дахлдор пурсиш ба амал овард.

    Бо назардошти шунидани ҳисоботҳо, баррасии масъалаҳо, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.