Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 911
    Рӯзҳои 7-9 июли соли 2024 дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Форум оид ба рушди...

    Иштироки ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Форум оид ба рушди сабзи Созмони ҳамкории Шанхай               


                                              


    Рӯзҳои 7-9 июли соли 2024 дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Форум оид ба рушди сабзи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти соҳавӣ, таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Л. Ш., иштирок намуданд.

    Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди сабз дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар ҳошияи он ҷаласаҳои канорӣ дар мавзуъҳои “Соли экологияи Созмони ҳамкории Шанхай 2024”, “Инноватсияҳои технологӣ барои тавонмандсозии рушди сабз ва баландсифат” ва “Амалӣ иқлим барои мусоидат ба табдили сабзи камкарбон” баргузор гардиданд. Дар Форуми мазкур мақомотҳои давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва созмону ташкилотҳои байналмилалии минтақа иштирок намуданд.

    Бояд тазаккур дод, зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур мавқеи кишвар вобаста ба ҳамкориҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои минтақавӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, алалхусус ба ҳозирин маълумот оид ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, пешниҳод карда шуд.

    Ҳамчунин, дар бораи муҳимияти иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, аз он ҷумла, эълон гардидани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21-март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маълумот пешниҳод гардида, ҳозирин барои иштирок дар Конфорнси байналмилалии сатҳи баланди ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват гардиданд.

    Бояд қайд намуд, ки намояндагони Кумита дар чорабиниҳои канорӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи Форуми мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

    mmexport1720423730960.jpg mmexport1720423734352.jpg mmexport1720423725810.jpg