Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1197
    10 июли соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи...

    Фаъолияти Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар шашмоҳаи якуми соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд               


                                              


    10 июли соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти мақомоти мазкур ва зерсохтори он дар шашмоҳаи якум ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори 9-моҳаи соли 2024 бо иштироки роҳбарон ва дигар масъулони сохторҳои дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, марказу муассисаҳои дар назди Кумита фаъолияткунанда ва лоиҳаҳои татбиқшаванда баргузор гардид.

    Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо иқдоми навбатии Кумита 14 адад электромотороллерҳои партовкашон ба шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Шаҳритус, Вахш, Левакант, Носири Хусрав, Ҷалолиддин Балхӣ, Ҷайҳун, Бохтар, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Фархор, Балҷувон тақдим карда шуд.

    Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2024, вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори семоҳаи сеюми соли 2024» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Тибқи тартиби муқарраргардида оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли 2024 муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З.С. бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуд.

    Пас аз қироати маърӯзаи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита, директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А., МД “Ҳудуҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” Шамсиддинзода Х., сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ Назаралиев М., дар вилояти Суғд Холзода С., дар вилояти Хатлон Собирзода Қ., сардори раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Соҳибзода Қ., шаҳри Душанбе Назирзода А., оид ба самтҳои фаъолияташон ҳисобот доданд.

    Пас аз шунидани маърӯзаҳои ҳисоботӣ раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз масъулони иҷро оид ба амалигардонии стратегияву барномаҳои давлатӣ, нақшаҳои амал ва таъмини дастуру споришҳои протоколи ҷаласаҳои қаблии мушовара пурсон шуда, ба онҳо ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, масъулиятшиносӣ дар фаъолияти хизматии давлатӣ, риояи талаботи хизмати давлатӣ дар пешбурди ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи мушовара барои қабул пешниҳод гардида, пас аз тасдиқ он ба тамоми сохторҳои дахлдори тобеи Кумита ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ фиристода мешавад.

    IMG_2498.jpg IMG_2497.jpg IMG_2476.jpg IMG_2453.jpg

    IMG_2547.jpg IMG_2507.jpg IMG_2564.jpg IMG_2583.jpg