Мизи мудавар оид ба маблағгузории иқлимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенсӣ” мизи мудавар оид ба “Нақшаи маблағгузории иқлимии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон: Гузариш аз банақшагирӣ ба татбиқ” бо иштироки ва суханронии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, муовни вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Шамсулло Хайрулло ва директори кишварии Бонки осиёгии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шанни Кэмпбэлл бо иштироки намояндагони як қатор вазорату идораҳои кишвар, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинии мазкур муаррифии Нақшаи маблағгузории иқлимӣ ва баррасии масъалаи татбиқи он дар амал дар якҷоягӣ бо ҷонибҳои манфиатдори калидӣ буда, баргузории чунин чорабиниҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани шарикони калидӣ барои амалӣ намудани уҳдадориҳои миллии он дар доираи Созишномаи Париж мусоидат менамоянд.
Инчунин, дар чорабини мазкур аҳамияти ҳамкорӣбарои ноил шудан ба ҳадафҳои иқлим таъкидгирдид. Аз ҷумла қайд гардид, ки ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёби иқлим барои рушди устувор мусоидат намуда, танҳо бодастгирии байналмилалӣ мо мо метвонем, ки ба ҳадафҳои гузошта ноил гардем.
Тавассути чорабинии мазкур Кумита ва ҷонибҳои манфиатдор роҳҳои ҷалби маблағгузории иқлимиро боз карда, пешрафтро ба сӯи ояндаи устувор суръат бахшиданд.