Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1188
    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии...

    Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»               


                                              


    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид.

    Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми солона ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии кишвар, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашта буд.

    Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси Барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар як маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷуйборҳо равона гардидааст.

    Татбиқи Барномаи таҳиягардида такмили заминаи қонунгузории соҳа, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва нигоҳдории тавозуни устувори табиӣ ва идоракунии оқилонаи олами набототро таъмин менамояд.

    Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Нақшаи амали Барнома барои марҳилаи якум, солҳои 2025-2027, таҳия гардидааст, ки дар ин давра шинонидани 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳолу буттаҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Маблағгузории иҷрои Нақшаи амали Барнома дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ, бахши хусусӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

    Барои мунтазам муайян намудани рафти сабзиши ниҳолҳо системаи мониторинг ва арзёбӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо истифода аз усулҳои муосир ташкил ва таъмин карда мешавад.

    449948021_800062272240113_7333561501814367219_n (1).jpg 449948021_800062272240113_7333561501814367219_n (1).jpg