Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1154
    Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Баргузории мусобиқаи экологии “Бозиҳои тоза” барои дарёфти Ҷоми Авруосиё дар ноҳияи Варзоб               


                                              


    Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати дарёфти Ҷоми авруосиёгӣ таҳти унвони “Бозиҳои тоза” мусобиқа баргузор гардид.

    Дар мусобиқаи “Бозиҳои тоза” намояндагони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар маҳал, аъзои маҳфили эковолонтёрони Кумита, варзишгарони намуди ҷудо дар маҷмуъ беш аз 70 нафар дӯстдорони табиат иштирок доштанд.

    Пеш аз оғози бозӣ шарту қоидаҳои “Бозиҳои тоза” аз тарафи ташкилкунандагон ба иштирокдорон фаҳмонида шуд. Сипас, бо бардоштани лентаи хатти марш иштирокчиён дар вақти муайянгардида бо майли том гирду атрофи майдони интихобшударо аз партовҳои гуногун тоза намуданд.

    Яке аз шартҳои чорабинӣ байни иштирокчиёни бозиҳои шавқовар ин ҷалб ва ҳавасманд гардонидани онҳо буд, ки шавқовару хотирмон гузаронида шуд.

    Дар охир, ҳайати ҳакамон ҷойҳои якуму дуюму сеюмро бо дарназардошти фаъолнокии бозингарон ва гурӯҳҳо муайян намуда, беҳтаринҳо соҳиби дипломҳои Ҷоми “Бозиҳои тоза” гардиданд, дипломҳо дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо супорида шуданд.

    449613765_799404495639224_6395445274215710370_n (1).jpg 449447036_799404515639222_3106891869257048498_n (1).jpg 449763772_799404675639206_3988208908586338600_n (1).jpg 449723159_799404592305881_4263694616479475063_n (1).jpg

    449500269_799404548972552_5825772955274946715_n (1).jpg 449754878_799404602305880_3738209867288651530_n (1).jpg