Баргузории Ҷашни Тиргон дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе
30 июни соли 2024 дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе Ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор гашт. Дар ҷашнгоҳ даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид. Инчунин, навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда-афшура, шарбат, хушкардашуда ва обмеваи он пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Ҳамчунин, қайд гардидааст, ки дар ин рӯз кишоварзони мамлакат меваи тару тоза ва хушкашудаи олу, гелос, шафтолу, себ ва навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбузаро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштанд.
Тавре маълум аст, Тиргон яке аз чор ҷашнҳо, амсоли Наврӯз, Сада, Меҳргон ба шумор рафта, ин ҷашнро иди кишоварзон низ меноманд. Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода суханронӣ намуда, эҳёи ҷашни Тиргонро, ки ба об, ҳамчунин ба омодагии деҳқонон ба дарави ҳосили гандум иртибот дорад, ниҳоят муҳим арзёбӣ карда шуд. Аз ҷумла, хотирнишон гардид, ки пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, самаранок ва оқилона истифодабарии он, қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ба расму оинҳои ҷашни қадимаи миллии мо — Тиргон иртибот доранд.
Дар охир иштирокдорони фаъол бо диплому сипосномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.