Табрикоти раиси Кумита Шерализода Баҳодур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамкорони муҳтарам,
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо ба истиқболи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст.
Ман нахуст, ба 27-солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу суботи комил кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро аз сидқи дил табрику муборакбод намуда, бахусус барои ҳар як оилаи тоҷикистонӣ тинҷию оромӣ ва осудаҳолиро таманно менамоям.
Мардуми сарбаланди мо хуб дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ аз арзишҳои волотарин барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Ин неъмати гаронбаҳои таърихӣ дар кишвари мо бо ҷоннисорӣ ва сарвариву роҳбарии мардони соҳибхирад ба даст омада буд ва акнун 27 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад. Агар он замон мақсад аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини пойдории амнияту оштӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз мақсад ба ояндаи босаодат расонидани мардуми Тоҷикистон аст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, 9 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карда, бори дигар риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии наздикону пайвандон дар самти пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ, бегонапарастиву тақлидкорӣ ва дигар омилҳои номатлубе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, талқин намуданд. Бинобар ин мо бояд ҳамеша муттаҳид бошем ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар зуҳуроти номатлуб саҳмгузорӣ намоем.
Азбаски дар олам зиддияту душманӣ, қатлу куштор, нифоқу ҷангҳо бештар мешавад, ин ҳама таъсирашро ба давлатҳои нисбатан амну осоишта мерасонад. Моро зарур аст, ки бештар ба қадри сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагиву ягонагии миллиамон бирасем.
Ба қадри он арзиши муқаддасе, ки номи миллати моро ба сулҳхоҳиву муттаҳидӣ дар олам шинохта кард, бештар бирасем.
Боварии комил дорам, ки кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар қатори тамоми аҳолии шаҳру деҳотамон минбаъд низ дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдату муттаҳидии мардуми азизамон, ободонию хуррамгардонии диёрамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад!