Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
26 июни соли равон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумита бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур матни табрикотии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷонро муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З.С. қироат намуд. Аз ҷумла, дар сухани табрикотӣ қайд карда шуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди мо яке аз санаҳои муҳими давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки пурарзиштарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар фазои якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ҷашн мегиранд.
Нотиқон иброз намуданд, ки мардуми сарбаланди мо хуб дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ аз арзишҳои волотарин барои ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар кишвари мо бо ҷоннисорӣ ва азму талоши фарзонафарзанди соҳибхиради ин миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва акнун 27 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯзҳо натанҳо мардуми Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Хело ҳам муҳим аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ арзёбӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки кормандони ҳифзи муҳити зист дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, фаҳмондадиҳию тарғиботӣ фаъолона иштирок намуда, барои дӯстиву рафоқат, ягонагию муттаҳидии минбаъдаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Дар рафти баргузории маҷлиси тантанавӣ алоҳида кормандони Кумита баромад намуда, 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кормандони Кумита табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин хотири ҷамъ, хонаи обод ва фаъолияти самараноки давлатию ҷамъиятиро баҳри пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз таманно намуданд.
Ваҳдати миллӣ, ки маҳсули инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии якояки мо аст, бигузор ҳамеша поянда бошад ва моро ба сӯи шоҳроҳи саодату созандагӣ ҳидоят намояд.