Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 10
    7 майи соли 2025 ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14...

    Вохурӣ бо кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               


                                              


    7 майи соли 2025 ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2024, №8251 (23-3) ва дархости Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марти соли ҷорӣ, №4337,9.1 оид ба баргузор намудани семинару машваратҳо дар вазорату идораҳои вобаста ба муқаррароти Кодекси андози, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ баргузор гардид.

    Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров С. сардори Раёсати такмили  қонунгузории андоз, Алимадов Саъдулло муовини сардори раёсати хизматрасонии Кумитаи андоз ва Ҳисайнов Шоҳрухон сармутахассиси Раёсати хизматрасонии Кумитаи андоз иштирок намуда ба тавассути рӯйнамо ва ҷалибу шавқовар бо кормандон суҳбати озод оростанд.

    Дар навбати худ иштирокдорон дар робита ба мавзуъҳои матраҳшуда суолҳо дода аз мутахассисони соҳаи андоз ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

    IMG_9073.jpg IMG_9066.jpg IMG_9087.jpg IMG_9078.jpg