Аввалин муколамаи сиёсии минтақавии сатҳи баланд таҳти унвони «Бунёди оянда бо ҳавои тоза дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Тошканд ба кори худ шуруъ намуд
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти паст намудани ифлосшавии ҳаво, мубодилаи дониш ва истифодаи таҷрибаи пешқадам санаи 19 июни соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори нахуст муколамаи сиёсии минтақавии сатҳи баланд таҳти унвони «Бунёди оянда бо ҳавои тоза дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Барномаи СММ оид ба муҳити зист, муҳақиқону коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур дар 5 панел баргузор гардида, дар ҷараёни он зиёда аз 30 нафар коршиносону мутахассисони соҳа бо маърӯзаҳои илмӣ сухан ронданд. Маврид ба зикр аст, ки дар панели якуми чорабинӣ дар мавзуи «Барномаи рӯз дар самти сифати ҳаво дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дастовардҳои охирин - мулоҳизаҳои сарони ҳайатҳо» сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзида, вобаста ба муҳтавои мавзуъ маърӯза намуданд.