Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 69
    Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ...

    Аксияҳои экологӣ ва идомаи мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб             


                                              

    1a815608-51b1-4460-bb09-1d6d937e5eb2.jpg

    Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб дар ҳудуди ноҳия аксияҳои «Тозагии шоҳроҳ», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» доир гардид.

    Дар чорабинии мазкур зиёда аз 160 нафар аҳолии ҷамоатҳо, корхонаву ташкилотҳо фаъолона иштирок намуда, шафати роҳҳо, ҳудуди ҷамомти деҳоти Чорбоғ ва Садриддин Айнӣ, соҳили дарё ва манбаъҳои обӣ аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1.7 тон партовҳои партовҳо тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

    Инчунин, аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 150 адад ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз шинонида шуданд.

    9b732662-8a95-45c4-b140-a10fb304d149.jpg ac554e67-7bdc-4b30-abee-60659772c7e9.jpg c87606a6-68d8-4de7-8471-6311678690fb.jpg