Тадбири экологӣ –баҳри наҷоти олами парандаҳо ва ҳайвонот
Бо дастури Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе дар ҳудуди боғ ҷиҳати ҳифз ва эмин мондани парандаҳо ва ҳайвонот аз хунукиҳои рӯзҳои охир бобати норасоии маводи ғизоӣ ба миқдори 500 кг донагӣ, 10 дарза алаф дар минтақаҳои ҳудуди боғ ҷойгир карда шуд.
Тибқи пешгӯиҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои охири моҳи феврал ва аввали моҳи март боришоти пай дар пайи барф ба ҳаёти парандаҳо ва олами ҳайвонот мушкилот пеш овард. Бо мақсади эмин мондани парандагон ва ҳавонот аз танқисии маводи ғизоӣ дар рӯзҳои боришоти зиёд бо дастури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат корҳои биотехникӣ роҳандозӣ гардид.
Чунин тадбири экологӣ имкон медиҳад, ки паррандаҳо ва ҳайвонот дар чунин шароити номусоид ҳифз ва барои дарёфти маводи ғизоӣ тараҳҳум карда шавад.
Дар ин зимн, бо инобати боришоти зиёди барф ва пеш омадани норасоии ғизоӣ ба паррандагон шаҳрвандонро лозим меояд, ки барои ҳифз ва наҷоти паррандаҳо дар назди хонаву кошона, ташкилоту идора ва дилхоҳ минтақаи мусоид ба паррандагон дона диҳанд. Зеро чунин усули хайрхоҳи қаблан дар макотиби миёнаи умумӣ амал мекард. Ҳифзи муҳити зист ва олами парандагону ҳайвонот яке аз масъулиятҳои шаҳрвандии мову шумост.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки чунин тадбири экологиро барои ҳимояи олами парандгону ҳайвонот дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ намояд.