Вохӯрии намояндагони Кумита бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо
Ҷиҳати дар амал иҷро намудани бандҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо бо фаъолону дустдорони табиат ба нақша гирифтааст.
Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллоӣ Г., Восиев С. ва Мирзоев М. чунин вохӯриҳоро дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Тоҷикобод ва Лахш бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия, кормандони соҳаи маориф, Раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Кумита оид ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, баромад намуданд.
Инчунин, аз ҷониби муттасаддиён ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин вохӯриҳо баргузор шуда истодааст.