Мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои гуногун бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо расму русуми хос ва хотирмон гузаронидани он дар Кумитаи мазкур бо иқдоми Шӯрои ҷавонони Кумита байни ҷавонон Мусобиқаҳои варзишӣ ва бозиҳои гуногун ташкил ва гузаронида шуда истодаанд. Мусобиқаи варзишӣ ва бозиҳо иборат аз шашкӣ, шоҳмот, дастхобонӣ, бандкашӣ ва монанди инҳоро дарбар мегирад.
Мусобиқаро ҳайати ҳакамон доварӣ намуда, ғолибонро тибқи тартиби муқарраргардида, муайян намуда, онҳо дар чорабини Кумита бахшида ба Ҷашни Наврӯз ба туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.