Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 77
    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб, баҳри иҷрои супориши протоколии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди...

    Аксияи  «Тозагии шоҳроҳ » дар ноҳияи Мурғоб             


                                              

    2.jpg

    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб, баҳри иҷрои супориши протоколии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию тозагардонӣ дар шафати роҳҳои шаҳру ноҳияҳо бахусус, минтақаҳои саёҳӣ аз шаҳраки Мурғоб то деҳаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронид шуд.

    Дар аксия беш аз 12 нафар фаъолон иштирок намуда, дар масофаи 66 км ба миқдори 2,8м3 партовҳои маишӣ ҷамъоварӣ гардида, партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шудаанд.