Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзуи “Омилҳои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон”
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологӣ дар ҷомеа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Дар ин замина, дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуи “Омилҳои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатштносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормадони шуъбаи ҳифзи муҳити зист доир ба мавзуи болозикр маърузаҳо намуда, инчунин аз ҷониби устодону донишҷӯён маърузаҳо сурат гирифта, аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.
Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ устодону донишҷӯён зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд.