Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”
Бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ва № 1-и шаҳри Кӯлоб Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Рӯзи 21 март – рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иштироки сармутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Кӯлоб ва устодону хонандагони муассисаи мазкур баргузор гардид.
Сараввал директорони муассисаҳо суханронӣ намуда, саҳначаҳои тарбиявӣ доир ба ифлос намудани ҷӯю обҳои равони маҳалли зист аз ҷониби хонандагон намоиш дода шуд. Сипас, сармутахассиси шуъба дар мавзуи “Дарёҳои Тоҷикистон” ва хонандагони муассиса доир ба мавзуи “Обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳифз намудани пиряхҳо маърузаҳо сурат гирифта, аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои омӯзгорон ва хонандагони болаёқат аз тарафи сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Ифтихорнома тақдим карда шуд..