Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рӯзи Модар
Бахшида ба 8 март - Рӯзи Модар дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат маҷлиси тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандон баргузор гардид.
Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб бо суханони табрикотӣ қайд намуд, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Ҳамзамон рафти маҷлис доир ба рисолати зан - модар, мавқеи фаъоли зан дар ҷомеа ва дастгирии доимии ташаббусҳои занону бонувон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид гардид.
Дар интиҳо сардори Сарраёсат ба собиқадорони соҳа ва бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист, ки дар пешрафти соҳа фаъолият мебаранд, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.