Тозагии муҳити зист ба истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз
16 марти соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки сардорон ва дигар кормандони сохторҳои соҳавӣ шанбегии умумӣ гузаронида шуд. Дар рафти баргузории шанбегӣ замини наздиҳавлигии бинои Кумита тоза, бехи ниҳолҳо нарм ва ҷӯйборҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати ороиши идонаи саҳни бинои маъмурӣ дар сари баландпояҳо парчамҳои давлатӣ насб гардиданд.
Бояд тазаккур дод, дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба дар сатҳи зарурӣ гузаронидани Наврӯз корҳои тозагию озодагӣ ва сарсабзу хуррамгардонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, боғу гулгаштҳо ва шафати роҳҳо бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои Кумита дар маҳал бомаром идома дорад.