Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 184
    14 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда...

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN)             


                                              

    424644989_718754037037604_4557810371290996733_n.jpg

    14 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) хонум Гретел Агилар баргузор гардид.

    Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, таъмини истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифз ва нигоҳдории набототу ҳайвоноти нодир, нигоҳдорӣ ва назорати мамнуъгоҳҳо, дастрасӣ ба захираҳои илмӣ ва ва ҷалби мутахассисони Иттиҳоди мазкур ва дигар масъалаҳои муҳимро ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ намуданд.

    Бояд қайд намуд, ки Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, соли 1948 таъсис ефта, мушкилоти ҳифзи гуногунии биологии сайёраро инъикос менамояд, маълумотҳо дар бораи вазъи табиати кишварҳои гуногун, рӯйхати намудҳои олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро барои ҳифз пешниҳод менамояд ва дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозири дошта, дар татбиқи як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба муҳофизати табиат ва гуногунии биологӣ мавқеи хосса дорад.