Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ба муносибати таҷлил Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорони азиз,
23 феврали соли равон ба ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, 31 сол пур мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар буда, дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудаанд, ки аз он сарнавишти давлат ва тақдири миллат вобаста мебошад.
Таҷрибаи давлатҳое, ки бо роҳи мустақилона пеш мераванд, нишон медиҳад, ки ҳама гуна истиқлолият ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст. Маҳз бо ҳамин хотир дар замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳануз аланга дошт, дар таърихи навини халқи тоҷик қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки он ба бунёди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.
Ҳукумати мамлакат барои Қувваҳои Мусаллаҳ то имрӯз садҳо иншооти замонавӣ бунёд карда, ба хизматчиёни ҳарбӣ шароити беҳтарини хизматро фароҳам овардааст, бо истифода аз имкониятҳои молиявию иқтисодӣ ҷиҳати мустаҳкам гардондани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муфид андешида истодааст.
Омили асосии иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон-меҳнати софдилонаю самараноки тамоми мақомоти давлатӣ, соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳо ба ҳисоб меравад.
Кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист низ вазифадоранд, ки назорати давлатии ҳифзи табиат, истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиии кишварро таъмин намоянд, то ки иқтидори иқтисодию мудофиавии кишвар устувор гардад, мардуми шарифи мо дар фазои сулҳу оромӣ бо корҳои созандагию ободонӣ машғул гардида, дар тараққиёти минбаъдаи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар арафаи рӯзи фархундаи 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, табиатистифодабарандагон ва дӯстдорони табиати биҳиштосои кишварамонро бо ин иди муҳими давлатӣ табрику муборакбод менамоям.
Барои Шумо ва муҳофизатгарони амнияти миллиамон тани сиҳат, сулҳу оромӣ ва муваффақиятҳои нав ба нави меҳнатиро таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!