Конфронси илмию амалӣ оид ба «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 15 марти соли ҷорӣ дар Конфронси илмию амалӣ оид ба «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсиии Душанбе” баргузор гардид, иштрок ва суханронӣ намуд.
Дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, ва дигар роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомотҳои маҳаллӣ, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилали иштирок варзиданд.
Дар суханронии раиси Кумита таваҷҷуҳи махсус ба ташабуси глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба эълони соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва қатъномаи дахлдори Ассамблеяи Генералии СММ дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки муҳтавои конференсияи мазкур ҳадафҳои эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, 22-юм “Рӯзи ҷаҳонии об” ва ҳамзамон соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе ва татбиқи иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлимро дарбар гирифт.
Дар конференсияи мазкур намояндагони сохторҳои марбута ва коршиносон бо суханрониҳо ва рӯйнамоҳо оид ба самтҳои мавзуи чорабинии мазкур баромадҳо намуданд.