БАРНОМАИ "КИШВАРИ САБЗ" ДАР АМАЛ: МАЪРАКАҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ВАҲДАТ
Санаи 16 марти соли равон дар талу теппахои кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур аксияи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Дар рафти аксияи мазкур зиёда аз 500 бех ниҳолҳои ороишии навъи санавбар (сосна) аз ҷониби иштирокчиён шинонида шуд.
Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҳудуди ҷамоати Баҳор сурат гирифт. Дар он беш аз 300 нафар, намояндагони тамоми навоҳии шаҳри Ваҳдат иштироки фаьол намуданд.
Дар рафти чорабинӣ 1000 бех дарахти санавбар шинонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар ин аксия раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур ва раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо низ иштирок доштанд.